Skip to content

Mersi Baku

Истехсолот

Шояд шумо пурсед, ки чаро мо шарбат ва нушокихои худро тавсия медихем? Чавоб оддист, барои он, ки мо бехтарин махсулотро ба шумо пешкаш менамоем. Агар хохед, мо метавонем ба шумо бигуем, ки махсулоти мо чи гуна тайёр мешавад. Инак, дар аввал харидани мевахои тару тозаи интихобшуда аз Точикистони офтобиамон, ногуфта намонем, ки мевахои бидуни доруи пестисид парвариш кардашуда, ки ҳам барои фоиданоки ва хам барои таъми афшурахо нихоят мухим аст. Минбаъд мевахоро бодиккатат шуста, ба навъхо чудо карда, баъд онхоро фишурда, аз онхо шарбати тозатарини мевагиро мегирем, ки онро консентрат меноманд, агар соддатар карда фахмонем, ашёи хом барои тайёр кардани шарбат мебошад. Сипас омехтагардони, гомогенизатсия, диаэризатсия, стерилизатсия ва баъд навбати шишабандии афшурахои табии меояд.

Бовари хосил кардед, ки махсулоти мо бехтарин аст!

Аз ин ру, мо чандин сол аст, ки сифати махсулотамонро дар сатхи баланд нигох медорем ва аз ин лихоз истеъмолкунандагон махсулоти моро дуст медоранд ва интихоб мекунанд, ки боиси фахри мост.

Ширкати “Mersi Baku” ба хама ва хар яки мову шумо шарбату нушокихои хушсифат пешкаш мекунад, ки на танхо болаззат, балки зебо бастабанди карда шудаанд, ки зинатбахши дастархони хар як мизоч мебошанд.